Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии дарёфта барои даст кашидан аз ба қайди ҳарбӣ гузоштан ворид шуд. Санад дар пойгоҳи электронии Дума нашр шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи мудофиаи Дума Андрей Картаполов, раиси Комиссияи Дума оид ба тафтиши далелҳои дахолати давлатҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Русия Василий Пискарев ва инчунин як зумра вакилони дигар пешниҳод шудааст.
Дар навиштаи шарҳи лоиҳа ишора мешавад, ки ин тағйирот ба беҳбуди самаранокии кори мақомоти машғул ба қайди ҳарбӣ ва умури дохилӣ равона шудааст.
Аз ҷумла пешниҳод мешавад, ки шиносномаи шахсоне, ки “бидуни сабаби узрнок” аз гузоштан ба қайди ҳарбӣ даст кашидаанд, гирифта шавад.
Дар муддати 5 рӯз комисариати ҳарбӣ ҷиҳати хабар додан дар бораи ин афрод ба ВКД уҳдадор мешавад. Дар ВКД дар бораи маҳрум кардани шаҳрвандӣ қарор қабул мешавад. Аз замони ирсоли огоҳинома ба ВКД, ба шахс барои ихтиёрӣ ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ 30 рӯз муҳлат дода шуда, дар сурати иҷрои он аз шаҳрвандӣ маҳрум намекунанд.
Муаллифони ташаббус пешниҳоди лоиҳаро ба зарурати татбиқи муқаррароти дигар қонун, ки моҳи августи соли 2024 қабул шуда, барои маҳрумият аз шаҳрвандии дарёфта иҷро накардани уҳдадориро бобати дар қайди аввалияи ҳарбӣ нагузоштан асос дониста буд, шарҳ доданд. Ба иттилои РБК, аммо механизми иҷрои қонуни нав зикр нашуда буд.
“Тағйирот ба баланд бардоштани фаъолияти муштараки мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, ки ба қайди ҳарбӣ машғуланд, имкон медиҳад”, - гуфта мешавад дар навиштаи шарҳи лоиҳаи қонун.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2024 Владимир Путин қонунеро ба имзо расонид, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро дарёфтаанд, бояд худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд.
Риоя накардани ин уҳдадорӣ барои маҳрумият аз шаҳрвандӣ асос шуда метавонад.
Дар лоиҳаи қонун тағйироте низ ҳаст, ки барои аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани кӯдакони шаҳрвандони хориҷии дорои шиносномаи Русия имкон медиҳанд.
Рейдҳои кормандони сохторҳои қудратӣ дар масҷиду бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ихроҷи бархе аз онҳо боис гардида, мардони синнусоли даъвати ҳарбӣ, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифтанд.
Бино ба навиштаи The Insider, моҳи майи соли ҷорӣ Александр Бастрикин изҳор дошт, ки дар ҷанг бо Украина зиёда аз 20 ҳазор нафар хориҷиёни дорои шаҳрвандии Русия иштирок мекунанд.
Ғайр аз ин, дар қироати аввал дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне қабул шуд, ки асосҳо барои маҳрум кардани аз шаҳрвандиро васеътар месозад. Дар қатори ҷиноятҳое чун бандитизм ва хиёнат ба давлат, илова намудани асосҳои нав, аз ҷумла ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ зидди манфиатҳои Русия, таблиғи рамзҳои миллатгароӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ пешниҳод мешавад.






Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста