Дар пайи марги кӯдаки 2-сола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе нисбати 5 нафар – аз ҷумла ду корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот дар шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ кор мекардаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кули кишвар имрӯз, 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Марги кӯдаки 2-сола дар моҳи майи соли ҷорӣ дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка)-и пойтахт дар пайи аз панҷараи ошёнаи дуюми рахти хоб овезон шудан, баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Додситони кул дар шарҳи қазияи мазкур гуфт, ки “марги кӯдак дар кӯдакистон боиси ташвиши ҷомеа гардид” ва ин ҳолатҳо “беназорат нахоҳад монд”.

“Нисбати ёрдамчии мурабия, шахсе, ки бевосита мутасаддӣ буд, ки дар соатҳои даркорӣ дар назди кӯдак бошад ва аз ҳоли онҳо бохабар бошад, мудири кӯдакистони хусусӣ, ду нафар кормандони Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки дар онҷо шуъбаи махсуси иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ барои вазифаҳои худро дуруст анҷом надодан щамчунин, нисбати духтури санҷиши санитарию-эпидемиологӣ, ки онҳо низ чунин кӯдакистонҳоро санҷиш мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”,-иброз дошт Воҳидзода.
Дар ҳамин ҳол, Хуршед Худоёрзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Додситонии кул гуфт, замоне ки ба ин кӯдакистон иҷозатномаи фаъолият дода шуд, Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф таъсис наёфта буд ва аз ин рӯ, кормандони Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи вазорат иҷозатнома доданд.
“Бинобар он ки инҳо дар ҳамон сол дар ҳамин кӯдакистон санҷиш гузаронида ва дар вақти санҷиш қоидавайронкунӣ ошкор карда, саривақт баҳри камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ накарда буданд аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати онҳо бо моддаи 322 қисми 2-и КҶ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд”,-иброз дошт Худоёрзода.
Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ё то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ӯ аз ин ду нафар ном набурд, вале гуфт онҳо дар боздошт нестанд.
Ба иттилои ин ниҳод тафтиши парвандаи мазкур ба итмом расида, рӯзи 4-уми август барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Қаблан ВКД дар як баёнияе гуфта буд, ки дар пайванд ба ин қазия муррабии 29-соларо боздошт карданд ва барои “иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак” ё моддаи 174 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти хабарии рӯзи 28-уми июл дар робита ба ин қазия иброз дошт, ки изоҷатномаи фаъолияти кӯдакистони хусусӣ аввали соли ҷорӣ ба анҷом расида, он ғайриқонунӣ фаъолият мекардааст.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро дар матлаби “Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо” мутолиа кунед.





Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста