Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба куштори зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ду гумонбарро боздошт кардааст. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рух дод ва боиси сару садо ва тарсу изтироби сокинон гашт.
ВКД бо нашри як изҳорот дар сомонааш гуфт, гумонбарон шахсони 32 ва 16-сола буда, аз онҳо “далелҳои шайъӣ гирифта шуд”.
Ин ниҳод аз гумонбарон А. С. ва С.Н. ном бурда, навиштааст, ки онҳо пеш суд шуда буданд.
ВКД дар шарҳи ангезаи куштор гуфтааст, ки “... бо мақсади дуздиву ғоратгарӣ ба манзили истиқоматии Иброҳимов Ҳ.Р. ворид гашта, ҳангоми огоҳ шудани соҳибхона онҳо ваҳшиёна даст ба куштор задаанд”.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло гумонбарон дар “маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти Прокуратура идома дорад”.
Назари худи гумонбарони боздоштшуда ба ин иттиҳом маълум нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не.
Куштори мармузи Шаҳло Назарова ҳамроҳ бо се фарзандаш - Ҳабиба (синфи 10), Ҳамида (синфи 8) ва Шараф (синфи 6) дар манзили истиқоматияшон дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷомеа сарусадои зиёдро барпо карда, боиси тарси сокинон шуд. Мақомот тасдиқ кард, ки куштор шаби 5-уми сентябр дар рух додааст. Ҳамсояҳои ин зан ва кӯдакони кушташуда мегӯянд, ки ҷасади онҳо ду рӯз баъд пайдо шуд.
Баъди ин ҳодиса мақомоти кишвар сокинони ин деҳаро ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват карда, чанд нафарро ҳам бозпурсӣ кардаанд ва огоҳ намудаанд, ки дар ҳолати мушоҳидаи шахсони шубҳаовар ба онҳо иттилоъ диҳанд. Ин ҳодиса миёни сокинон тарсу заронф афканд.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: "Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд".
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста