Мақомоти интизомии Русия давоми 8 моҳи соли 2025 400 нафар зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд.
Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода, ҳамтои тоҷикаш, иттилоъ дод.
“Агар соли гузашта тавассути мақомоти маҳаллии мо ҳудуди 260 нафар аз афроди таҳти таъқиби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуда бошанд, пас дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 400 кас расидааст”, - изҳор доштааст Колоколтсев.
Аммо ӯ нагуфтааст, ки аз ин теъдод чанд нафар ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бораи маълумот надодаанд ва мавқеи онҳо дар ин робита рӯшан нест. Ҳамчунин, на вазири умури дохилии Русия ва на ҳамтои тоҷики ӯ нагуфтаанд, ки оё дар ин муддат бо дархости мақомоти Русия дар Тоҷикистон низ шаҳрвандони Русия боздошт шудаанд ё не.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот вазири рус таъкид кардааст, ки “тағйири шаҳрвандӣ набояд василаи фирор аз масъулият бошад”.
Дар вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот, Нақшаи кории ниҳодҳои зери раҳбариашон барои соли 2026 ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардидаанд.



