Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон зимни боздид аз ду зиндони шаҳри Хуҷанд – муассисаҳои ислоҳии ЯС3/5 ва ЯС 3/3 бо чанде аз зиндониён, аз ҷумла Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта (ММА) суҳбат кардаанд.
Дар ин бора Ҳусниддин Нидоев, намояндаи ин ниҳод ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, Чоршанбе Чоршанбиев аз шароити нигоҳдорӣ дар зиндон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
“Гуфт, ки шароит хуб аст, наздиконаш хабар мегиранд ва ҳар чизе ки дар доираи қонун бояд иҷро шавад, муҳайё будааст”, - гуфт манбаъ.
Чоршанбе Чоршанбиев моҳи майи соли 2022 бо иттиҳоми “даъват ба сарнагунии ҳокимият” ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ ва вакилони мудофеаш ҳукмро “беасос ва ғайриқонунӣ” хонда буданд.
Моҳи ноябри соли 2024 Радио Озодӣ бо такя ба манобеаш навишта буд, ки Чоршанбе Чоршанбиев барои вайрон кардани низоми зиндон боз ба 4 соли дигари ҳабс маҳкум шудааст.
Ба қавли Нидоев, Чоршанбе Чоршанбиев ҳамчунин гуфтааст, “худро аз баъзе категорияи маҳбусон дуртар мегирам, чунки ман ҷинояткор нестам”.
Назари худи Чоршанбе Чоршанбиев ва наздикону пайвандонаш дар робита ба гуфтаҳои намояндаи Омбудсмен маълум нест.
“Оё шуморо латукӯб мекунанд?” Ин саволро Омбудсен аз зиндониён пурсид
Масъулини ин ниҳод бо чанде аз зиндониёни дигари ин ду маҳбас ҳам вохӯрда, бо истифода саволнома, ки тақрибан аз 50 савол иборат буд, шароити нигоҳдориашонро пурсидаанд.
“Оё шуморо латукӯб мекунанд?”, “Оё шиканҷа мешавед?”, “Ҷойи хоб чӣ гуна аст?”, “Шароити ҳаммом чихел аст?”, “Ба гуфтугӯи телефонӣ иҷоза доред?”, “Барои дидани хешу табор монеъ нест?” аз ҷумлаи саволҳои ин пурсишнома будаанд.
Ба қавли манбаъ, аксари зиндониён ба ин суолҳо ҷавоби мусбӣ дода, “шароити зисту нигоҳдориашонро хуб арзёбӣ кардаанд”.

Масъулин аз 30-юми сентябр то 2-юми октябр аз зиндонҳои Хуҷанд боздид кардаанд.
Чанде пеш Умед Бобозода, Омбудсмен аз зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат) боздид карда, бо чанде аз маҳбуони хориҷӣ мулоқот карда буд.
Дар ҳоле ки масъулин вазъи нигоҳдории маҳбусонро дар зиндонҳо хуб арзёбӣ мекунанд, ҳомиёни дифои байналмилалӣ борҳо аз шароити нигоҳдошти зиндониён изҳори нигаронӣ кардаанд.
Қаблан аз ҷумла, худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити нигаҳдории маҳбусонро мавриди интиқод қарор дода, дар гузориш оид ба ҳолати зиндонҳо дар соли 2023 ва солҳои пешин ба мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла беҳад зиёд пур будани зиндонҳо, инчунин нишондиҳандаҳои баланди гирифторӣ ба бемориҳо ва маргу мир миёни маҳкумшудагон ишора карда буд.
Яке аз мушкили асосӣ риоя нашудани шароити санитарӣ зикр гардида буд. Санҷиши Омбудсмен дар соли 2023 маълум карда буд, ки аз ҷумла даря ке аз зиндонҳое, ки чанд пеш боздид краданд - муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-уми 136 маҳкумшуда аз меъëр зиëд нигоҳ дошта мешаванд.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13 ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда нигоҳ дошта мешуданд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244 шаҳрванди хориҷӣ буданд.
Соли гузашта 53 нафар дар зиндонҳо фавтида буданд, ки ин нисбат ба соли 2022 8 кас камтар аст. Сабаби асосии фавти онҳо бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон номбар шуда буданд.
Ин делелҳо боиси нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шуда буд.






“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба ифтихори зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов
Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд
ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир”-ро қабул кард
Файзулло Файзов: “Маҳмадсаид Шоҳиён шахсан Қурбон Собирро барои нақши Ҷомӣ пешниҳод кард!”
Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад
“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард
Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста