Мадина Ҳалимова, зани 28-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки 3 моҳ пеш худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохта буд, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки “аз кори кардааш пушаймон аст”.
Қудратулло Шарифов, шавҳари Мадина Ҳалимова имрӯз 8-уми октябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳафтаи гузашта мурофиаи навбатии ҳамсараш баргузор шуд.
"Ӯ дар мурофиа аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ карда гуфт, ки вақте худро ба об партофтам баъдан ҳушёр шуда, чӣ кор карданамро фаҳмидам. Ҳамсарам мегӯяд, далели ба ин кор даст заданашро намедонад ва чӣ кор карданашро ҳам дар ёд надорад", - гуфт шавҳари Мадина Ҳалимова.
Номбурда зикр кард, ки он шабу рӯз байни зану шавҳар даъвое нашуда буд, вале "ҳамсарам асабӣ мешуд вале то ин дараҷа расиданашро ҳеҷ кас пешбинӣ намекард".
Қаблан Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Мадина Ҳалимова аз забони зерҳимояаш ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки ӯ аввал се кӯдакро ба дарё андохта чорумиро дар бағал гирифта, худро ба об партофтааст.

"Дар хотир дорам, ки вақте дар об ғӯта мезадам, ҷонам ширинӣ кард ва кӯдакро партофтаму як буттаро дошта, берун баромадам ва то саҳар дар даруни ҷангал гиря карда нишастам", - ин зан гуфтааст ба вакили дифоаш.
Муҳаммадамин Шарифзода, намояндаи Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми ин зан “ҳамин ҳафта ё ҳафтаи оянда мебарояд”.
“Парвандаро Ҳабибулло Сайдализода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ карда истодааст. Ҷузъиёти тафтишоти парванда танҳо баъди содир шудани ҳукм ошкор карда мешавад”,-гуфт номбурда.
Қаблан аз ин ниҳод гуфта буданд, ки парвандаи Мадина Ҳалимова моҳи август ба додгоҳи вилояти Хатлон ирсол шудааст.
Мадина Ҳалимова дар боздошт буда, нисабаташ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.
Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. Каме поинтар худаш аз дарё берун шуд, вале кӯдаконро об бурд. То ҳол ҷасади се фарзанди хурдсоли ӯ пайдо шуда, ҷустуҷӯи як тифли 5-солаи дигар идома дорад.
Қудратулло Шарифов гуфт, ки “ҳар рӯз соҳили дарёи Сурхобро мекобем, аммо нишоне аз духтарам пайдо накардем”.
Қаблан шавҳар ва наздикони Мадина Ҳалимова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иддао карданд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Ҳалимова, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфта буд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.




Эмомалӣ Раҳмон: “Бовар дорам, ки кормандони милитсия ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонанд”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста