Додраси парвандаи Мадина Ҳалимова, зане, ки 3 моҳ пеш худ ва 4 кӯдакашро ба дарё андохта буд, бори аввал бархе ҷузъиёти ин парвандаро дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ошкор кард. Ин зан рӯзи 9-уми октябр бо ҳукми додгоҳ 20 сол равонаи зиндон шуд.

Ҳабибулло Сайдализода, додраси парвандаи Мадина Ҳалимова имрӯз, 13-уми октябр ба “Азия-Плюс” гуфт, сабаби ба дарё андохтани худ ва чаҳор кӯдак аз сӯи ин зан “рашки зиёд ва мушкили равонӣ доштанаш” аст.

“Аз ҳисоби рашк, ки гӯё шавҳараш зани дуюм дошта бошад, ба чунин амал даст задааст. Лекин ин гуфтаҳо исботи худро наёфтанд. Баъдан, Мадина Ҳалимова бемории руҳии ирсӣ надошта, беморе будааст, ки каме асабӣ шавад, он авҷ мегирад. Ин аз нигоҳи тиббӣ исбот шуд”, - гуфт ин додрас

Сайдализода афзуд, ки Мадина Ҳалимова ба одамкушӣ ё моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 20 сол ҳукми зиндон гирифт.

Ин ягАкс аз шабкаҳои иҷтимоӣона акси Мадина Ҳалимова, ки дастраси расонаҳо шудааст.
Акс аз шабкаҳои иҷтимоӣ

“Ҳукм ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст ва Мадина Ҳалимова ва пайвандонаш имкон доранд, дар муддати 10 рӯз аз рӯзи содир шудани ҳукм, аз болои ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд. То ҳол онҳо шикоят набурдаанд”, - гуфт ин додрас.

Ҳабибулло Сайдализода зикр кард, ки дар пайи ин ҳодиса, дар аввал нисбати шавҳари зан ҳам парванда боз шуд, вале “бо сабаби исбот нашудан” парвандаи ӯ қатъ гардид.

“Худи зан ҳам тасдиқ кард, ки шавҳараш гунаҳкор нест ва танҳо шубҳа кардааст. Ӯ вақте фикр кардааст, ки шавҳараш зани дуюм дорад асабӣ шуда, сараш дард кардааст ва худро идора карда натавониста, ба ин кирдор даст задааст”,-иброз дошт додраси парванда.

Ҳабибулло Сайдализода гуфт, ки Мадина Ҳалимова ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, баъди муҳлати пешбини намудаи қонун ба зиндон фиристода мешавад.

Назари зан ва пайвандони ӯ дар робита ба ҳукми додгоҳ ва гуфтаҳои додрас маълум нест.

Қаблан шавҳар ва наздикони Мадина Ҳалимова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иддао карданд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Ҳалимова, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфта буд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.

Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. Каме поинтар худаш аз дарё берун шуд, вале кӯдаконро об бурд. То ҳол ҷасади се фарзанди хурдсоли ӯ пайдо шуда, ҷустуҷӯи як тифли 5-солаи дигар идома дорад.

Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд ва ин баҳси тундеро миёни корбарон ба миён овард. Мақомот ин ҳодисаро мудҳиш хонданд.

Ин ҳодиса замоне пурбаҳс шуд, ки он замон як зани дигар аз ноҳияи Қубодиён 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дертар яке аз тифлон даргузашт. Ин зан ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Ҳамчунин, он шабу рӯз, ҳодисаи бо ресмон ба мошин бастану кашола кардани наврасе аз сӯи падараш барои танбеҳ додан, ки дар пайи он кӯдак фавтид, боз ҳам баҳсҳоро тундтар кард. Парвандаи ин мард ба додгоҳ исосл шуда, ҳоло ҳукм содир нашудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.