Як корманди ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир”, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми як миллион сомонӣ боздошт шудааст. Ин дуюмин корманди ин ширкат аст, ки бо гумони фиреби мардум боздошт мешавад. Қаблан роҳбари ин ширкат барои фурӯхтани як хона то ба 7 нафар дастгир шуда буд.
Пулиси Душанбе аз ӯ Солиҳов Орифҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Нуробод ном бурда гуфтааст, ӯ ҳамгоми дар ширкати “Ҷамол-Басир” кор карданаш “бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст”.
Зарари расида дар умум як миллион сомонӣ гуфта шудааст. Аз пулиси Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳанӯз тафтишот идома дорад ва ҳоло шумораи дақиқи зарардидагон муайян нест.

Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар аз Солиҳов Орифҷон, корманди ин ширкат фиреб хӯрдаанд, бо рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.
Манбаъ гуфт, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонун аз ҷарима то 12 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.
Қаблан, мақомот аз боздошти Содиқ Одинаеви 32-сола, роҳбари ширкати сохтмонии мазкур бо гумони фиреби 160 нафар, аз ҷумла фурӯши як хона то ба 7 кас хабар дода буд.
Гуфта мешуд, ҳаҷми зарари расондаи ӯ ба шаҳрвандон наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, сокинони пойтахт борҳо аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят кардаанд, ки бар хилофи шартнома хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста