Дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷиҳати истеҳсол (майнинг)-и дороиҳои маҷозӣ ё рамзарз (криптовалюта) низ ҷазо таъин мешавад. Акнун барои ин амал аз 15 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 2-8 соли зиндон пешбинӣ мешавад.
Бо ин мазмун тарҳи тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятиро рӯзи 3-юми декабр вакилони парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва қабул кардаанд.
Тибқи он ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 253, иловаи 2 бо мазмуни “Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ” илова мешавад. Ин модда аз се қисм иборат буда, ҷаримаи сангин ва зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бар асоси қисми якуми он, ба шахсоне, ки барои истеҳсоли рамзарз аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебаранд, аз 15 ҳазор то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва то 2 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мешавад.
Тибқи қисми дуюми ин модда, ба гурӯҳи шахсоне, ки бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон ин кирдорро анҷом медиҳанд аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва аз 2 то 5 соли зиндон таъин мегардад.
Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷиҳати истеҳсоли дороии маҷозӣ (рамзарз) ба миқдори махсусан калон, аз сӯйи гурӯҳи муташаккил аз 5 то 8 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон ва зимни муаррифии лоиқаи тағйиру иловаҳо таъкид кардааст, ки дуздии барқ тавассути майнинг-фермаҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоӣ ва маҳдудияти нерӯи барқро ба вуҷуд оварда ва ба содиршавии ҷиноятҳои гуногун замина гузоштааст.
“...муомилоти ғайриқонунии дороиҳои маҷозӣ барои содиршавии як қатор ҷиноятҳо, аз қабили дуздии қувваи барқ ва расонидани зарари молиявӣ ба давлат, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва дигар ҷиноятҳо, шароит фароҳам меорад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ошкор гардидани ҳолатҳои зиёди дуздии қувваи барқ бо роҳи васл кардани таҷҳизоти истеҳсолкунандаи дороиҳои маҷозӣ (майнинг фермаҳо) ба ҳисоб мераванд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоӣ ва маҳдудияти қувваи барқро аз ин ҳисоб ба таври сунъӣ эҷод карда буд”,- таъкид кардааст додситони кул.
Бояд гуфт, ки Ҳабибулло Воҳидзода қаблан низ бо ишора ба афзоиши ҷиноятҳои вобаста “дуздии барқ”, аз истифодаи ғайриқонунии “майнинг фермаҳо” дар кишвар нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфта буд, ки аз ҳисоби истифодаи ғайриқонунии барқ барои насб ва истифодаи дастгоҳ барои “майнинг-фирмаҳо” 32 млн сомонӣ зарар ошкор шуда 4-5 парвандаи ҷиноӣ низ боз шудааст.
Додситони кул таъкид карда буд, ки шахсони алоҳидае ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар таҷҳизоти “майнинг фирмаҳо”-ро ба кишвар ворид карда, ғайриқонунӣ рамзарз истеҳсол мекунанд.

Дар баробари ин Шуҳрат Ғанизода, вакили парлумон дар шарҳи иловаи мазкур ба қонунгузорӣ гуфтааст, “ҳангоми истеҳсоли дороии рақамӣ, ки субъектҳо ё майнерҳо ба шабакаҳои барқ таҷҳизоти компютерӣ ва воситаҳоеро пайваст мекунанд, ки онҳо нерӯи барқро ниҳоят зиёд истифода ва сарф мекунанд”.
“Яке аз машҳуртарини ин таҷҳизот ASIC ном дорад. Ба таври мисол, барои як ASIC-и одӣ то 3,5 кВт/соат ва барои ASIC-и тавонотар то 5-6 кВт/соат қувваи барқ лозим аст. Дар ҳоле ки аз ҷониби майнерҳое, ки фермаҳои калон ташкил мекунанд, ҳазорҳо ASIC ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст карда мешавад. Барои ҳамин, субъектони ин ҷиноят бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки қувваи барқро бидуни ҳисобкунакҳои барқӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ истифода бурда, чунин дороиҳоро истеҳсол кунанд”,-таъкид кардааст ин вакили парлумон.
Ба гуфтаи Шуҳрат Ғанизода, ҳадаф аз қабули ин тарҳ пешгирии қонунвайронкуниҳои марбут ба бахши андоз, аз ҷумла тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо будааст.
Ин қонун баъди имзои раисҷумҳур ва нашри он дар рӯзномаҳои давлатӣ ба ҳукми иҷро медарояд.
Бояд гуфт, ки рамзарз як навъи маблағи онлайнӣ аст, ки барои истеҳсоли он компютерҳои пуриқтидор ва интернетӣ босуръат лозим аст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли он барқи зиёд масраф мешавад.
Ёдрас мешавем, ки имсол ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Имсол он шадидтар шуда, тибқи мушоҳида, аҳолӣ дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат нерӯи барқ доранд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста