Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки бархе нозирони барқ пули нерӯи барқро аз аҳолӣ ҷамъ карда, аммо ба таври ғайринақдӣ ба давлат пардохт накарда, ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, азхуд мекунанд. Ӯ гуфт, ки танҳо дар суратҳисоби як нозири барқ 9 млн сомонӣ пули истифодаи барқеро, ки аҳолӣ пардохтаанд, ошкор кардаанд.
Ӯ ин нуктаро дар нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал зирк кард.
“Чунин ҳолатҳо бисёранд, аз ҳисоби ҷамъ кардани маблағи барқ, азхуд кардани он ва дигар корҳое, ки дар самти барқ ба анҷом мерасонанд”,-илова кард Воҳидзода.
Ба гуфтаи додситони кул, дар натиҷаи санҷишҳои кормандони додситонӣ бештар ҳолатҳои азхудкардани маблағи буҷет, маблағи соҳа, иловаи ҳисобҳои нодуруст ва системаи билингӣ ва ғайра ошкор карда шудаанд.
“Аз ҷониби кормандони прокуратура ҷавобгарӣ нисбати кормандони соҳаи барқ ва дигар шахсони масъуле, ки ба дуздии барқ роҳ додаанд ба амал бароварда шуд. Аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар натиҷаи дахолати прокурорӣ зиёда аз 365 млн сомонӣ ба давлат ворид карда шуд”,-изҳор дошт додситони кул.
Ба қавли Воҳидзода, давоми соли гузашта 4 ҳазору 972 нафар барои истифодаи ғайриқонунии барқ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Сарвар Азимзода, муовини додситони кул гуфт, ки дар ин давра дар умум 245 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, нисбати 23 нафар роҳбарони шабакаҳои барқрасонӣ, 120 нафар нозирони барқ ва дигар муштариён парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.
Ӯ гуфт, ки дар умум беш аз 46,6 млн сомонӣ зарари расида ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.
Пештар намояндаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” низ гуфта буд, ки соли 2025 дар пайи ошкор шудани камбудҳо дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд.
Масъули ин ниҳод гуфт, дар пайи қабули ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ “камбуди зиёд дар кори кормандони барқрасонӣ ошкор шудааст”.
Зимнан, аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика низ гуфтанд, ки соли гузашта 406 корманди идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ин 406 нафар 375 корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, 12 корманди “Шабакаҳои интиқоли барқ”, 9 корманди ширкати “Барқи тоҷик” ва 10 корманди “Помирэнерҷӣ” ҳастанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо бар асоси моддаҳои 394 ва 397-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, “риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ ва қоидаҳои истифодаи таҷҳизот, асбобҳо ва дастгоҳҳои барқиву гармидиҳанда” ҷарима шудаанд.
Бояд гуфт, ки Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” хабар додааст.
“Шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ зиёд шуд.





Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста