Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» - | Конфронси ноҳиявии ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо ироаи мактуб ба комиссияи интихоботии ҳавзаи №4 ноҳияи Сино аз ширкати намояндаи ҳизб Саидиброҳими Назар дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар даст кашид. Дар ин бора ба «АП» аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд.

Ёдрас мешавем,  Саидиброҳими Назар алорағми хоҳиши худ ба ҳайси номзад ба вакили палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ  сабти ном  шудааст. Раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи «Сино 4» Абдулло Ҳабибов  гуфт, мувофиқи қонунгузории кишвар  номзадии Саидиброҳими Назар аз сӯйи конфронси ноҳиявии ҲНИТ пешниҳод шуд ва танҳо ин ташкилот ҳаққи бозпас  гирифтани онро дорад.