Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи овозадори Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо рафти бунёди боғу токзори намунавӣ дар он ҷо аз наздик шинос шуд.

Тайи ду соли охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд. Давоми соли 2010 ва нимаи якуми соли 2011 аз ҷониби аҳли хоҷагии Асадулло, ки дар қисмате аз хоҷагии пешини Фахробод таъсис ёфтааст, аллакай дар майдони 601 га боғу токзори намунавӣ бунёд гардидааст. Инро метавон нишондоди рекордӣ номид, зеро дар беҳтарин солҳои замони Шўравӣ ба як хоҷагии боғпарвар барои бунёди 500 гектар боғ 10 сол мўҳлат дода мешуд. Дар 601 га боғу токзори намунавии хоҷагии Асадулло зиёда аз 600 нафар мутахассисону боғпарварони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб шудаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, солҳои наздик бо афзоиши майдони боғу токзор дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

 Бо вуҷуди шуҳрати зиёди қаблиаш, солҳои пешин дар ин хоҷагӣ, асосан навъҳои барои шаробу шарбат пешбинишудаи ангўр, чанд навъи себу нок ва дигар меваҳо парвариш меёфтаанд.

 Имрўз бошад, дар ин ҷо аллакай 11 намуди ангўр парвариш меёбад ва минбаъд дар ин мавзеъ 21 навъи ин меваи биҳиштӣ рўёнда хоҳад шуд. ғайр аз ин имрўз аллакай дар 355 га навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ ва лиму, дар 198 га токзори нав ва қариб 50 га дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Хоҷагӣ дар 30 га ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва мекўшад, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд.

 Натиҷаи кори босамари роҳбарияти хоҷагӣ аст, ки ҳоло барои ду сол захираи ғалладона ва хўроки чорво доранд ва дар муқобили ҳар гуна хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ метавонанд бо қувваи худӣ истодагарӣ кунанд. Ин аст, ки роҳбарияти хоҷагӣ соли гузашта ба ҳар як мутахассису аъзои хоҷагӣ ғайр аз маоши моҳона аз 500 то 1100 килограмӣ гандуми истеъмолӣ додааст.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо назардошти имкону захираҳои мавҷуда дастур дод, ки дар ин хоҷагӣ ҳамчунин парвариши чорво васеъ ба роҳ монда шавад. Ин супориш, аз ҷумла ба он хотир дода шуд, ки хоҷагӣ, ҳамчунин дар зиёда аз 800 гектар гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо кишт мекунад ва парвариши ин зироатҳо имкони хуби чорводориро фароҳам меорад.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми гўшаю канори заминҳои ин хоҷагӣ, аз ҷумла токзори нав, қитъаҳои боғҳои навбунёди зардолу, бодом, гелос, шафтолу, писта, себу нок, олу ва ғайраро аз наздик дидан карда, дар чанд мавзеъ бо дасти худ якчанд навниҳол шинонд ва зимни сўҳбатҳои самимӣ ба деҳқонону мутахассисон маслиҳатҳои муфид дод.

 Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, парвариши боғу токзор бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ин мавзеъ ба як мактаби хуби таҷрибавии олимону мутахассисони соҳа ва ҳунаромўзии донишҷўёну мактаббачагон табдил ёбад.

 Тавре аён гардид, мардуми деҳоти ҷамоати Даҳанакии ноҳияи Хуросон аз ободшавии дубораи мавзеи Фахробод, муҳайёгардии ҷойҳои нави корӣ, беҳшавии шароити рўзгори худ ва эҳёи шуҳрати пешинаи ин мавзеи овозадор хушҳолу сипосгузоранд.

 Зимни шиносоӣ бо қитъаи 76 гектараи боғи навбунёди зардолу Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин донаҳои тарбўзу харбўзаро шинонда, ба кишти полезиҳо оғоз бахшид ва маслиҳат дод, ки дар миёни қатори ниҳолҳо то ба воя расидани онҳо полезию дигар зироатҳо кишт карда, заминҳоро босамар истифода баранд.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳо бо кори мутахассисони соҳаи обёрӣ, ки ба ин мавзеъ аз рўди Кофарниҳон оби нўшокию кишоварзӣ мебароранд, аз наздик шинос шуда, ба роҳбият ва аъзои масъули хоҷагӣ дастур дод, ки пеш аз ҳама аҳолии деҳоти Фахрободро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд, то ки аз ин кори хайру савоб фаъолияти хоҷагӣ барору вусъати тоза пайдо кунад.

 Тавре маълум шуд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ин аллакай 2 млн. 200 ҳазор метр лўлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.

 Роҳбари хоҷагӣ ҳамид Азизов аз таваҷҷўҳи хоси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ин мавзеъ ва аз муҳаббату самимияти беандозаи ў ба неъматҳои фаровони табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз илҳом гирифта, азм дорад, ки бо сафарбар намудани имкону захираҳои мавҷуда  супоришҳои падаронаи ўро аз дилу ҷон иҷро намояд.

 Чунонки зикр гардид, роҳбарияти хоҷагии навташкили Асадулло корҳои зиёди хайру савоб низ ба роҳ мемонад, аз ҷумла чанде пеш аз ҷониби онҳо хатнасури якҷояи 167 писарчаҳои оилаҳои камбизоати деҳоти атрофи хоҷагӣ гузаронда шудааст.

Хулласи калом хурду калон ва пиру барнои Фахробод имрўз барои ободонии дубораи  ин мавзеи  зебою дилкаш камари ҳиммат мустаҳкам бастаанд ва бовар доранд, ки шўҳрати он аз пешина ҳам бештар хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.