Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари серӯза ба вилояти Суғд бо сокинони ин минтақа як қатор мулоқотҳо орост.
Бино ба иттилои сомонаи ҳизб, субҳи 21-уми май раиси ҲНИТ бо ҷамъи ҳамроҳонаш дар ҷамоати деҳоти Қистақус бо мардум вохӯрӣ намуда, дар бораи мушкилот ва дигар паҳлӯҳои рӯзгори мардум сӯҳбатҳоеро анҷом доданд. Баъди зӯҳри рӯзи 21-уми май ӯ бо мардуми шаҳри Исфара вохӯриеро анҷом дод, ки дар он собиқадорони ҲНИТ, меҳмонон, зиёиён, шахсиятҳои мазҳабӣ, мақомоти иҷроияи сохторҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндагони Васоити Ахбори Омма иштирок доштанд. Дар ин ҷаласа аз ҷониби раҳбари ҲНИТ ба ин нукта таъкид карда шуд, ки ҲНИТ омодаи хидмат ба мардум буда, алайҳи фасоду зулм аст. Ҳамчунин бори дигар таъкид карда шуд, ки ҲНИТ як ҳизби мӯътадил буда, алайҳи ҳаргуна хушунат, тундгароиву зулм мебошад. Дар баробари сиёсатҳои давлатӣ гуфта шуд, ки ҲНИТ омода аст, барои рушду нумӯъи кишвар саҳм бигзорад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 22-уми май дар шаҳри Хуҷанд, мулоқоти раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо ҷавонон баргузор гардид. Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ ҷавонони вилоятро табрик намуда дар ҳузури мардум, дар мавзӯи «Мо ва ҷавонон, ихтилофи наслҳо, ҷавонони ҳизбӣ чӣ гуна бояд бошанд» суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳушёриву донишандузӣ даъват кард. Аз ҷумла раҳбари ҳизб М. Кабирӣ ба ин нукта таъкид карданд, ки ҷавонон дар баробари доштани донишҳои мазҳабӣ бояд донишҳои замонавиро низ аз худ намоянд. Эшон ҳамчунин аз ҷавонон даъват карданд, ки барои муаррифӣ кардани чеҳраи як мусалмони ором ва намуна шудан талош намоянд.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста