Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» – | Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон, ки ҷонибдор ва муҳофизи фаъоли амалисозии тарҳи нерӯгоҳи барқии «Роғун» дар Аврупо аст, бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, дар ҷараёни сафари Стивенсон мулоқоту гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, вакилони узви Комиссии экологии парлумон ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст. «Баррасии масоили боздиди қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Страсбург ва мулоқоти гуфтушунидҳои ӯ бо намояндагони парлумони Аврупо аз ҳадафхои аслии сафари Стивенсон ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта Струан Стивенсон аз роҳбарони кишварҳои Аврупо даъват ба амал овард, ки аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон пуштибонӣ намоянд, зеро он ба рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.
Ба эътиқоди вакили Парлумони Аврупо, мухолифати Ӯзбекистон бобати идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ як заминаи воқеъӣ надошта, комилан аз ҷанбаҳои сиёсӣ бархӯрдоранд.
Струан Стивенсон ба ҳайси раиси гурӯҳи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор фаъолият мекунад.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста