Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси гурӯҳи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор Струан Стивенсон озими майдони сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни боздиди майдони сохтмони нерӯгоҳ Эмомалӣ Раҳмон бо рафти иҷрои корҳои барқароркунӣ дар иншоот ва шароити будубоши коргарон аз наздик ошно гардида, бо ҳайати коргарони техникиву муҳандисӣ мулоқот хоҳад орост.

Қобили зикр аст, ки вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон борҳо ҷонибдории худро ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» изҳор намудааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2010 аз Тоҷикистон боздид намуда, он замон бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири энергетикаву саноат Гул Шералӣ гуфтушунид карда буд. Ҳамчунин Струан Стивенсон аз нерӯгоҳи «Норак» боздид карда, бо ҷараёни корҳо дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» низ шинос шуда буд.

Дирӯз пас аз мулоқот бо раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба масъалаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» номбурда изҳор дошт, ки «ман ҷиддан бар ин назарам, ки изҳори муносибати манфии Ӯзбекистон нисбат ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз бармаҳал аст ва ба сиёсатмадорони ӯзбек интизор шудани натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳониро маслиҳат медиҳам, вале чун коршинос ба бехатарии лоиҳаи мазкур мӯътақидам ва гузашта аз ин, ҳамаро бовар мекунонам, ки амалисозии тарҳи мазкур ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст».

Ёдрас мекунем, ки баландии сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» 335 метрро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он ба 3 ҳазору 600 МВт дар як сол баробар аст. Бо сохтмони сарбанди нерӯгоҳ обанбори дорои ҳаҷми умумии 13,3 км ташкил шуда, он ҳам аз нигоҳи тавлиди энергия ва ҳам аз лиҳози обери пурсамар истифода хоҳад шуд. Маблағи умумии анҷоми сохтмони нерӯгоҳ дар ҳаҷми 2, 2 млрд. $ ва навбати аввали он ба миқдори 590 млн. $ арзёбӣ мешавад.