Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти нишасти навбатӣ кишварҳои узв масъалаҳои мубрами фаъолияти созмони ёдшударо мавриди арзёбӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳову усулҳои таҳкими ҳамкориҳои худ ибрози назар мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Низомиддин Зоҳидов, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад. «Зимни ҷаласа Тоҷикистон раёсати созмонро ба мизбони нишаст – Ҷумҳурии Қазоқистон супорид», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, иштирокчиёни конфронсро президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дабири кулли СКИ Акмалиддин Эхсоноғлу шодбош хоҳанд гуфт. Гуфта мешавад, дар давраи раёсати Қазоқистон дар СКИ ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва амняти байнулмилаливу минтақавӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда хоҳад шуд.
Дар ҷаласа қабули Эъломияи Остона, оиннома ва созишномаҳои СКИ, ҳудуди 100 қатънома ои ба маҷмӯи васеъи масоили ҷаҳони ислом дар назар аст. Дар ҷаласаи 38-ум Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ номи нав ва нишони созмонро тасдиқ мекунад.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста