Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар давоми ҳафтаи 26 июн-2 июли соли 2011 Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ба Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия барои баррасии пешакии Ташаббуси Осиёи Марказӣ алайҳи маводи мухаддир ( ТОМАММ) (CACI), ташаббуси нави тақвияти қобилияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати маҳви ниҳоии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва парокандасозии созмонҳои ҷиноятии дахлдор дар ҳамоҳангӣ бо кӯшишҳои зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ташриф меорад.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 – 30 июн ӯ бо мансабдорони ҳукуматҳои қабулкунандаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои муҳокимаи вазъи ҳамкориҳои минтақавӣ ва эҳтимолияти таъсисдиҳии воҳидҳои тафтишотӣ/гурӯҳҳои фаврии эътимоднокиашон санҷидашуда, ки ба тақвияти иқтидори муассисавӣ тавассути тафтишот, таъқибот ва айбдоркунии самарабахши судии қочоқчиёни зинаи миёна ва болоӣ мусоидат мекунанд, боздиди расмӣ доир менамояд. Ташрифи муҳими Ёвари Котиби давлатӣ Браунфилд ба Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ) дар Алмаато, Қазоқистон сурат мегирад. Дар рафти он ӯ нақши ММИҲОМ дар густариши ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва мубодилаи иттилооти кашшофӣ дар ҷараёни мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои ҳамоҳангии беҳтари кори воҳидҳои зидди маводи нашъадор дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Ӯ инчунин ба Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Душанбе ташриф меорад, то вазъи кунунии ҳамкорӣ ва нақши эҳтимолии ин агентиҳоро дар ташаббус мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ёвари Котиби давлатӣ инчунин ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сафар мекунад то дар ифтитоҳи расмии хобгоҳи сарбозон (казарма) дар Отряди сарҳадии Шӯробод ва бинои нави Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун ширкат варзад. Иншоотҳои бо дастгирии молиявии INL сохташуда ба муборизаи марзбонони тоҷик дар сафи пеш ҷиҳати коҳиши ҷараёни маводи мухаддир ва тақвияти амнияти умумии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак мерасонанд.
Дар хотимаи сафари худ Ёвари Котиби давлатӣ Браунфилд ба Москва ташриф меорад то бо мансабдорони Ҳукумати Федератсияи Русия барои машварат оиди стратегияҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва муҳокимаи роҳҳои ҳамкории самарабахши миёни ИМА ва Русия дар мубориза алайҳи маводи мухаддир дар минтақа, аз он ҷумла тавассути созмонҳои минтақавӣ ва бисёрҷониба боздиди расмӣ доир намояд.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста