Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба афсонаи ба муҳити зист ва баҳри Арал таҳдид доштани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки чанде аз гурӯҳҳои сиёсии Ӯзбекистон паҳн мекунанд, шахсоне, ки каму беш аз гидроэнергетика бохабаранд, бовар надоранд.
Дар робита ба масъалаи дар ахири ҳафтаи гузашта интишор шудани номаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба сифати ҳуҷҷати иҷлосияи 65-уми Маҷмаъи кулли СММ, ки дар он бобати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» сухан мерафт, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, ки мухолифати пайдошуда дар минтақа роҷеъ ба ин масъала ангезаи сиёсӣ дошта, дар асл ин мубориза барои соҳиб шудан ба бозорҳои энергетики минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ҳаттто Чину Русия аст. «Ба ҳама маълум аст, ки пас аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба монополияи Ӯзбекистон дар бозори энергетикии минтақа хотима бахшида мешавад, зеро кишварҳо ба харидани нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон манфиатдор хоҳанд буд», - иброз дошт вакили парлумон.
Ш.Шабдолов мегӯяд, пешниҳоди Ӯзбекистон бобати ба ивази нерӯгоҳи «Роғун» дар қаламрави Тоҷикистон бунёд кардани нерӯгоҳи барқии атомӣ ҳарзае беш нест, зеро айни замон дар саросари ҷаҳон роҳу воситаҳои гузаштан ба сарчашмаҳои барқароршавандаи нерӯи барқро ҷӯстуҷӯ доранд, ки гидроэнергетика ба он дохил мешавад. «Вақте дар Ҷопон аз рафъи мушкилоти оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии «Фукусима-1» оҷиз мондаанду, Олмон ният дорад, то соли 2020 фаъолияти ҳамаи нерӯгоҳҳои атомиашро қатъ намояд, бобати дар Тоҷикистон бунёд кардани нерӯгоҳи барқии атомӣ ҳарф задан бемаънӣ аст», - афзуд номбурда.
Ба ақидаи раиси ҲКТ, изҳорот дар бораи таҳдиди сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» низ бофтаву сохта аст, зеро бехатарии онро кайҳо олимони дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида собит сохтаанд. «Агар дар вақташ Ӯзбекистон низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказиро хароб намесохт, шояд имрӯз масъалаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба чунин мушкилиҳо намепечид», - мегӯяд мавсуф.
Ғайр аз ин, вакили парлумон мегӯяд, доираҳои муайян дар Ӯзбекистон бояд дарк созанд, ки сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ нафъовар хоҳад буд, зеро тайи 50 соли наздик ҷаҳон бо норасоии шадиди нафту газ дучор хоҳад шуд.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста