Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ва вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюковро ба ҳузур мепазирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар мулоқот баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва сафари давлатии қарибулвуқӯъи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мудири иҷроияи Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд Ашока Ласириро низ ба ҳузур мепазирад. Дар ҷараёни мулоқот баррасии масъалаҳои сармоягузории бонк ба бахшҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. «Ҳамчунин сарвари давлат имрӯз бо гурӯҳи намояндагони ширкатҳои бузурги Арабистони Саъудӣ, ки ҷиҳати иштирок дар кори Шӯрои сармоягузорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот хоҳад орост», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои марбут ба имкони сохтмони корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли пластика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ ва гайра баррасӣ мешаванд.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста