Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сиёсатмадори варзида ва рӯҳонии маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар мавриди даъвати ИМА ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин ибрози андеша намуд, ки бобати ба эътибор гирифтани ин даъватҳо аз ҷониби ҳукумат бовар надорад.

«Ман орзу дорам, ки нигаронии ин кишварҳо аз ҷониби палатаи болоии парлумони кишвар ва президенти ҷумҳурӣ зимни баррасии қонуни мазкур ба эътибор гирифта мешаванд, вале бовар надорам, ки ин тавр мешавад», - гуфт ӯ зимни шарҳи суханронии иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел.

Ғайр аз ин, Тӯраҷонзода ба самимияти чунин даъватҳои кишварҳои хориҷӣ шубҳа дорад. «Ба назарам, бо интишори чунин даъватҳо чанде аз кишварҳои ғарбӣ кӯшиш мекунанд, ки тавассути ВАО таваҷҷӯҳи ҷомеаро ҷалб намуда, бо ин роҳ ҷонибдории худ ба демократия ва баробарҳуқуқиро нишон диҳанд. Дар асл бошад, зимни сӯҳбат ва вохӯриҳои шахсӣ бо намояндагони ҳукумат онҳо таҳиягарони чунин қонунҳоро дастгирӣ мекунанд», - мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи ӯ, дар сурати изҳори норозигии ҷиддӣ ва талаби қатъӣ аз ҷониби ИМА оид ба ин ё он мушкилот ҳеҷ яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ онҳоро нодида нахоҳад гирифт.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он изҳори ноумедӣ ва нигаронӣ дорад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шуморид.

«Мо аз палатаи поёнии парлумон ва президенти Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки имкони ба палатаи поёнии парлумон баргардонидани қонун дар бораи масъулияти падару модарро баррасӣ намоянд, то ки муқаррароти манъи узвият ба ҷамъиятҳои динӣ бекор карда шавад», - гуфт ӯ.