Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мизи мудавваре, ки аввали ҳафтаи равон таҳти унвони «Афғонистон: раванди сулҳ ва нақши бозигарони калидии минтақа ва ҷаҳон» дар шаҳри Брюссел доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев чунин ибрози андеша намуд, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» ва «Даштиҷум» ба эҳёи иқтисоди Афғонистон кӯмак хоҳанд расонид.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони ҳукуматҳои Афғонистон, Иттиҳоди Аврупо, сафирони Афғонистон, Тоҷикистон, ИМА, Эрон, Русия, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Аврупо, ки дар Афғонистон фаъолият дорнд, ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон дар ИА дар суханронии худ аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистон баҳри таъмини сулҳу субот дар ин кишвар пуштибонӣ намуда, изҳор доштааст, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон ба таъмини мунтазами иншооти саноатӣ бо нерӯи барқ ва азхудкуниву обёрии заминҳои нав шароит фароҳам месозад.
Ба иттилои манбаъ, Р.Солиев амалисозии лоиҳаи CASA-100-ро барои рушди иқтисоди Афғонистон муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки омили муҳими дигари таъмини рушди устувор ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгиройии минтақавӣ тавассути роҳандозии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст.
Дипломати тоҷик ҳамчунин таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба рушди тиҷорати наздимарзӣ бо Афғонистон, сохтмони пулҳо дар рӯдхонаи Панҷ ва рушди робитаҳои коммуникатсионӣ миёни ду кишвар ҷалб сохтаааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста