Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷаласаи нахусти мизи мудаввар таҳти унвони «Низоъ ва сулҳофарӣ дар Афғонистон: вазъ ва пешомад» дар Душанбе анҷом ёфт. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар сиёсатшиносону коршиносон аз Афғонистон, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва Олмон ширкат доранд.
Дар кори мизи мудаввар бародари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд – Аҳмад Валӣ Масъуд, ки муассиси Хазинаи қаҳрамон аст, иштирок дорад. Ба гуфтаи Аҳмад Валӣ Масъуд, агар ба мушкилоти Афғонистон аз лиҳози таърихӣ назар андозем, пас дар тӯли таърихи кишвар яке аз мушкилоти асосӣ ҳамеша мухолифати дохилӣ миёни роҳбарони ҳукумат маҳсуб меёфт. «Ба ҷуз мухолифати дохилӣ дар ҳукумат, боз дигар мушкилоте низ мавҷуданд, ки ба мақомоти раҳбарӣ ва наздикони Карзай дахл доранд, - мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, мутаассифона, имрӯз мо ҳукумате надорем, ки мардум ба он эътимод дошта бошад. Пас чӣ гуна мо метавонем як механизми устуворе бунёд созем, ки сулҳу суботро таъмин намояд? Сулҳе, ки Карзайу наздиконаш ҳис мекунанд, ин сулҳи худи онҳост. Ҳар кадоме аз онҳо ҳадаф ва манфиатҳои хешро пайгирӣ мекунанд».
Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва узви Кумитаи сулҳу ризоияти ҶТ Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки дар Афғонистон аксари масоили иҷтимоӣ солҳо ҳалношуда боқӣ мемонанд, ки он ба ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба гурӯҳҳои гуногуни қочоқбарон ва террористӣ боис мегардад. «Барои ҳалли ин масоил таҳияи нақшаи стратегӣ зарур аст, ки дар баррасии он бояд аҳли ҷомеа ва элитаи Афғонистон иштирок кунад», - изҳор дошт ӯ.
«Тоҷикистон баҳри ба рушд ноил гардидани ин кишвар як қатор лоиҳаҳо, қабл аз ҳама дар бахши ислоҳоти соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ пешниҳод месозад, - зикр намуд Сафаров. – Барои ин метавон ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд. Сулҳофарӣ – ҷараёни махсус аст. Аз ин рӯ, ин ҷо тарзу усул ва механизами хосса ва ҳатто метавонам илова бикунам, ки таҳияи методикаи махсус зарур аст».
Коршиноси мустақили Русия Виктор Хречко дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки Афғонистон қодир аст, ки мустақилона мушкилоти худро ҳал созад. «Имрӯз Афғонистон натанҳо як пешвои муваффақи сиёсӣ, балки афкори сиёсие низ надорад, ки тавонад мардумро муттаҳид созад», - баён дошт ӯ.
Рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе мизи мудаввар ба кори худ идома медиҳад.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста