Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Брюссели Шоҳигарии Белгия вохӯрии Сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО баргузор шуд.
Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев, чун намояндаи кишвари раискунандаи ИДМ, дар бобати омодагии Тоҷикистон барои гузарондани вохӯрии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5-уми сентябри соли равон дар ш. Душанбе маълумот пешкаш намуд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ӯ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар 20 соли истиқлолияти давлати дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоди, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, барномаҳои созандагии кишвар, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ сухан ронда, ҳамчунин дар бораи натиҷаи мусбии сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои Аврупо ва Парлумони Аврупо, Австрия, Герсогии Бузурги Люксембург, Маҷористон ва Бонки сармоягузории Аврупо ахбороти муфассал пешниҳод намуд.
Дар баромадҳои худ Сафирони кишварҳои Иттиходи Давлатҳои Мустақил ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва сафари расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Аврупо баҳои баланд доданд.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста