Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоб бо ташабусси шўъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (КИМ ҲХДТ) ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи 6 - июли соли ҷорӣ бо иштироки ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва истиқлолият » вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре аз Дастгохи Кумитаи иҷроияи марказии ХХДТ хабар доданд, дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулайхо Ҳақназарова иштирок ва суханронӣ намуд. «Зулайхо Ҳақназарова дар мавриди фаъолияти ҲХДТ дар шањри Кӯлоб, ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои ҳизб ва нақши ҷавонон дар рушди кишвар ҳарф зада, ҷавононро ба корҳои созандаву рафтори шоиста ва саҳм гирифтан дар ободонии кишвар даъват кард», - гуфт сарчашма.
Мудири шӯъбаи Дастгоҳи марказии ҳизб Зоир Ҳабибов атрофи дастовардҳои даврони Истиқлолият таваққуф намуда, аз ҷумла гуфт, ки то имрўз даҳҳо миллату кишварҳое мавҷуданд, ки тайи садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлолият ва соҳиб гардидан ба марзу буми сарзаминашон азият мекашанд. «Ба дӯши ҷавонон имрӯз масъулияти бузурге вогузор шудааст, ки тақдири давлати ҷавонамон ба онҳо вобаста аст. Ҷавонони ҳизби мо нисбати ҷавонони ҳизбҳои дигар дар ҳамаи мақомоти намояндагӣ ва ҳокимияти иҷроия аксариятро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, мо метавонем барои пешрафти ҷомеа ва тақдири имрӯзу фардои Ватан нақши муассир дошта бошем», - изҳор дошт номбурда.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба чанд тан аз ҷавонони ба сафи ҲХДТ шомилшуда билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста