Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Пешвои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов хусусияти фармоишӣ ва сиёсиву таблиғотӣ дорад.
Ба ақидаи ӯ, ин боздошт мутлақо ба таври ғайрикасбӣ ва беасос сурат гирифтааст. «Изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бобати боздошти хабарнигор бозгӯи он аст, ки ин мақомот ва шахсони мансабдори он аз вазъи имрӯза огаҳӣ надоранду ҳам аз ҷиҳати касбӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқиву сиёсӣ корозмуд нестанд. Кумита бошад, ба ташкилоти таблиғотӣ-идеологии аслан шахсони бесалоҳият табдил ёфтааст, - мегӯяд ӯ. – Далели пас аз 6 рӯз бо ҳимоягар (он ҳам дар ҳузури кормандони КДАМ) ва баъди 8 рӯз бо аҳли оилааш вохӯрдани Усмонов ифодагари поймол намудани ҳуқуқҳои ӯ буда, бозгӯи шитобкории кормандони КДАМ аст, ки ба коршиносон ва афроди ҳушманд хандаовар менамояд. Дар натиҷа кормандони КДАМ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи дар назадашон гузошта баромад натавонистанд».
Р.Зойиров мегӯяд, баҳодиҳӣ ба ҳама гуна ҷиноят ду паҳлӯ дорад – сарҳад гузоштан миёни амали ҷиноётӣ ё ғайри он ва муайян кардани ҷиноят. «Дар қазияи Усмонов кормандони КДАМ паҳлӯи аввалро таҳлил накарда, дар бораи ҷанбаи дуввум садо баланд карданд, ки ин комилан бесалоҳиятӣ аст», - иброз дош ӯ.
Роҳбари ҲСДТ чунин мешуморад, ки чунин тарз сурат гирифтани кор қафомонӣ аз тамоиили ҷаҳонии танзими ҷиноӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро аён месозад. Р.Зойиров афзуд, Тоҷикистонро мебояд ба пеш ҳаракат намуд, то ки ба журналистон ва дигар намояндагони касбу кор озодии афкору амалро баҳри иҷрои вазифаашон дар назди ҷомеа таъмин созад.
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста