Душанбе. 11-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолови 67-сола боз раиси ҳизб интихоб шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи ҳизб хабар доданд, дар анҷуман ҳисоботи фаъолияти ҳизб дар тӯли панҷ соли сипаригашта шунида шуда, ҳайати нави Кумитаи Марказӣ ва комиссияи тафтишотӣ интихоб гардидааст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, ки ҳадафҳои асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон, баробарҳуқуқӣ, дастрасӣ ба таълимот ва хизматгузории ройгон боқӣ мемонанд. «Дар кори анҷуман аъзои ҳизб аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ширкат варзиданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, бинобар камбуди молиявӣ намояндагони ҳаракати бйнулмилалии коммунистӣ ба кори анҷуман даъват карда нашуданд.
Феълан Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 40 ҳазор нафар узв дорад. Шодӣ Шабдолов аз соли 1991 пешвои коммунистони Тоҷикистон аст.
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста