Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва раисони вилоятҳо машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат Сарвазири кишвар Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президент, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат ва як қатор корхонаю муассисаҳо ва раисони вилоятҳо иштирок намуданд.
Доир ба мавзӯи асосии машварат – ҷамъбасти пешакии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли равон, гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Қодири Қосим, вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода ва вилояти Хатлон – Ғайбулло Авзал шунида шуд.
Раисони вилоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии ҳосили мева, ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, хӯроки чорво, дигар зироатҳо ва рафти кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ахбор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба рушди бонизоми иқтисоди кишвар, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.
Таваҷҷўҳи зиёд, ҳамчунин ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар сатҳи баланди ташкилӣ омода кардани тантанаҳои бахшида ба таҷлили солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳои оммавии фарҳангию варзишӣ зоҳир гардид.
Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар рўзҳои моҳи шарифи рамазон, иди саиди фитр ва таҷлили 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат дасти кўмак дароз намоянд.
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста