Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар кори конфронси 2-юми Форуми байнулмилалии вакилони исломӣ (IFIP), ки дар Малайзия баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ андешаҳояшро перомуни тамоилҳои мавҷуда дар сайёра, ҷаҳони исломӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ иброз доштааст. «Раиси ҲНИТ бо мақомоти раҳбарии Ҳизби исломии Малайзия низ гуфтушунид карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд», - гуфт сарчашма.
Дар Куала-Лумпур Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин ният дорад, ки бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Малайзия таҳсил доранд, низ мулоқот кунад.
Форуми байнулмилалии вакилони исломӣ соли 2007 дар Ҷакарта – пойтахти Индонезия аз тарафи 350 вакили исломии кишварҳои гуногун таъсис шудааст, ки дар ҳоли ҳозир адади аъзои он бештар аз 500 нафар мебошад. Ҳадафи аслии созмон муттаҳид намудани намояндагони кишварҳои гуногун буда, фаъолияти вакилии худро баҳри сарбаландӣ ва рушди миллату кишварҳои исломӣ бахшидаанд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста