Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия Дмитрий Медведев бинобар ғарқ шудани киштии «Булгария» дар Тотористон барқияи тасаллият ирсол кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия гуфта мешавад, дар Тоҷикистон хабари ғарқи киштии «Булгария»-ро, ки боиси марги нафарони зиёд гардид, бо андӯҳи бузург қабул карданд. «Аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба наздикону хешовандагони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор мекунем», - омадааст дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба президенти Афғонистон Ҳамид Карзай низ бинобар қатли бародараш барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар барқия гуфта мешавад, «хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи Шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андўҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар таъкид менамоям.
Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо ва аъзои оилаи бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам».
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста