Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти матбуотии тақвимӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки Тоҷикистон лоиҳаи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба кишварҳои узви иттиҳод равона кард.
Ба қавли вазир, дар зарфи 20 соли фаъолияти ИДМ миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар бахшҳои иқтисод, молия, нақлиёт ва ғайра муносиботи мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, мавҷудияти иттиҳод барои ҳамаи кишварҳои узви он манфиатовар аст.
«Мутаассифона, миёни кишварҳои узви иттиҳод мушкилот низ ҷой доранд. Масалан, то имрӯз дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба мушкилоти обиву энергетикии минтақа ҳеҷ тағйироте ба вуқӯъ напайвастааст ва ҳамчунин ба мо муяссар нагардид, ки масъалаи бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз Русияро ҳал намоем», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки афзоиш ё коҳиши ҳаҷми боҷҳои содиротӣ ба маҳсулот, хизматгузорӣ ва транзити нақлиёт ҳуқуқи истисноии ҳар як давлат аст.
«Перомуни масъалаи мухолифатҳо оид ба мушкилоти обиву энеретикии минтақа миёни Тоҷикистону Ӯхбекистон ҳаминро гуфта метавонам, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳама гуна масъала ҳуқуқи ҳамсоягони худро поймол нахоҳад кард», - иброз дошт Ҳ.Зарифӣ.
Ба гуфтаи вазир, баъди аз ҷониби Русия боло бурдани боҷо содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ, Тоҷикистон воситаҳои дигари алтернативии ба Тоҷикистон ворид сохтани маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ва Озарбойҷонро ҷустуҷӯ дорад ва дар ин самт аллакай баъзе мувофиқаҳо ҳосил шудаанд.
«Роҷеъ ба масъалаи таҳияи лоиҳа ва сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Туркманистон-Тоҷикистон-Чин гуфта метавонам, ки ахиран дар ин самт тағйироти мусбат ба вуқӯъ пайваст. Масалан, Туркманистон, ки аввалҳо ба ин лоиҳа чандон таваҷҷӯҳе надошт, феълан ба сохтмони баъзе қитъаҳои роҳи мазкур дар қаламрави худ шурӯъ кардааст», - гуфт вай.
Дар робита ба масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, Ҳ.Зарифӣ гуфт, бо аксари кишварҳои узви созмон гуфтушунидҳо дар ин хусус муваффақона анҷом пазируфтаанд. «Акнун мо гуфтушунидҳоро бо аъзои асосии СҶС – ИМА ва Иттиҳоди Аврупо оғоз мекунем», - афзуд Ҳ.Зарифӣ.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста