Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзе фаро мерасад, ки давлат ба баргардонидани пасандозҳои дар замони шӯравӣ беқадршудаи аҳолӣ, ки дар депозитҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ (феълан «Амонатбонк») нигаҳдорӣ мешуданд, ӯҳдадор мегардад, - изҳор кард зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, узви палатаи болоии парлумони кишвар, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Матлубхон Давлатов.
«То имрӯз ин пасандозҳо ба ҳеҷ гунае аз ҷониби давлат ҷуброн намешуданд, вале рӯзе фаро мерасад, ки давлат ба баргардонидани онҳо ӯҳдадор мегардад», - гуфт Давлатов.
Ба қавли ӯ, Қонуни ««Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеъӣ»-и аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ва аз тарафи палумон дастгириёфта таъсиси Хазина (Фонд)-и пасандозҳоро пешбинӣ мекунад, ки , ки бо пардохти 0,5% аз ҳаҷми умумии сармояи оинномавӣ тамоми бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ ҳатман узви он хоҳанд шуд.
«Ҳадафи аслии таъсиси хазина ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ аз ҳама гуна хатарҳо буда, Хазина метавонад аз хукумати кишвар низ қарз дастрас намояд», - қайд кард Давлатов.
Узви палатаи болоии парлумони кишвар ҳамчунин иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои қабули қонуни мазкур ҷалби пасандозҳои шахсони воқеъӣ ба рушди иқтисоди миллӣ аст.
Бо такя ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, М.Давлатов изҳор кард, ки феълан ҳаҷми умумии пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳову дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳудуди 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад ва қонуни мазкур онҳоро аз беқурбшавӣ муҳофизат карда, пардохти фоизҳои онҳоро кафолат медиҳад.
Ба ақидаи сенатор, пас аз аз қабули қонуни мазкур эътимоди мардум ба бонкҳо афзуда, он ҳамчунин ба интиқоли пасандозҳои шаҳрвандон аз бонкҳои хориҷи кишвар ба бонкҳои ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.
Қобили зикр аст, ки низоми бонкии кунунии Тоҷикистон аз 138 ташкилоти қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонкҳову 124 ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ иборат аст.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста