Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Гурӯхи кории махсуси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи зарурӣ доир сохтани анҷумани 9-уми ҳизб, ки рӯзи 24-уми сентябри соли равон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, ба кори анҷумани 9-ум ба ҷуз вакилон аз бахшҳои минтақавӣ, ҳамчунин даъвати намояндагони аҳзоби сиёсии хориҷӣ ва ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар анҷуман ҳисоботи мақомоти раҳбарии ҳизб дар бораи фаъолияти чор соли ахир баррасӣ шуда, ҳамчунин интихоби ҳайати нави мақомоти раҳбарии ҳизб доир мегардад.
Дар робита ба масъалаи ташаббуси раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ роҷеъ ба маҳдуд сохтани интихоби як шахс ба мақоми раисӣ на бештар аз ду маротиба, М.Ҳайит таъкид сохт, ки «бешубҳа, ин ташаббус зимни кори анҷуман баррасӣ хоҳад шуд». «Вале мақомоти раҳбарии ҳизбро на мансабдорони ҷудогона, балки вакилони анҷуман интихоб мекунанд», - афзуд номбурда.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста