Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба аққалиятҳои миллӣ, сафир Кнут Воллебек, Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳукумат ва мардуми Норвегия дар робита ба ҳодисаҳои фоҷеабор изҳори ҳамдардӣ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот сафир Воллебек бо мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили марбут ба ваколати ӯ ва вазъи ҷамоатҳои этникӣ дар бахшҳои маориф, забон, сиёсат ва ғайра шинос шуд.
«Ҷонибҳо атрофии маҷмӯи васеъи масоили муҳими рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, аҳамияти мулоқоти мазкур барои густариши муносиботи Тоҷикистону САҲА-ро таъкид сохтанд», - гуфт манбаъ.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста