Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе конфронси таъсисотии созмони умумиҷумҳуриявии ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» дар назди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод, конфронс таҳти раёсати муовини раиси ҳизб Асрор Латифов доир гардид.
«Вакилони конфронс аз тамоми манотиқи кишвар Адҳам Мирсаидовро, ки қаблан ба ҳайси мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи марказии ҳизб ифои вазифа менамуд, якдилона раиси созмони умумиҷумҳуриявии ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» интихоб карданд», - зикр намуд Солеҳов.
Ба қавли ӯ, ҳадафи аслии таъсиси созмони иҷумҳуриявии ҷавонон – тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва содиқ будан ба афкори худшиносии милливу истиқлолияти кишвар аст.
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, сарвари онро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад. Айни замон беш аз 140 ҳазор нафар узви ин ҳизб мебошанд.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста