Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзи 18-уми августи соли равон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар нишасти мазкур сарони кишварҳои узви созмон масоили марбут ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ дар доираи созмонро баррасӣ хоҳанд кард.
«Дар чаҳорчӯби ин сафар президенти Тоҷикистон шояд бо чанде аз сарони кишварҳои узви созмон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дҳад», - гуфт манбаъ.
Номбурда таъкид кард, ки нишасти Остона ғайрирасмӣ буда, аз ин рӯ, дар он асноди расмӣ ба имзо намерасанд. «Аммо ташаббусҳои ба қадре назаррас қабл аз рӯйи коғаз омадан маҳз дар чунин нишастҳо баррасӣ мешаванд», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста