Душанбе. 4-умии август. «Азия-Плюс» — | Аз шаҳри Истаравшан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ташриф овард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, боздиди навбатии Сарвари давлат аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия - Баракат, ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастабандии меваи хушк мебошад, оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур соли 2009 ба фаъолият шуруъ намуда, дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.
Корхона аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки ҳар яке, вобаста ба таъмини ашёи хом, дар як соат метавонад аз 300 то 700 кг меваи хушкро дар бастаҳои гуногуни дилхоҳи мизоҷон бастабандӣ кунад.
ҳоло корхонаи Баракат бо корхонаи қаннодии «Богородская» - Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, ният дорад, ки содироти ҳосили боғоти Тоҷикистонро, ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монад.
Соли 2010 корхонаи Баракат 1 400 тонна меваи хушкро коркард ва содирот намудааст. Корхона бо иқтидори имрўзааш метавонад зиёда аз 1500 тонна меваи хушкро бо сифати баланди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ коркарду бастабандӣ намояд.
Роҳбарияти корхона як қатор нақшаҳои дигар низ доранд. Бунёди корхонаи коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли конфетҳои шоколадӣ аз нақшаҳои наздиктарини ояндаи онҳо мебошад.
Дар ин корхона зиёда аз 110 нафар коргарон ва мутахассисон соҳиби ҷойи кор шудаанд. Маоши миёнаи онҳо 350 сомонӣ аст. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ӯҳдадор шуданд, ки ба истиқболи 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, маоши миёнаи коргаронро аз моҳи сентябри соли равон як баробар зиёд намуда, ба 700 сомонӣ расонанд.
Чунонки зикр гардид, ин панҷумин корхонаи хурди коркарди меваи хушк дар шаҳри Исфара мебошад.
Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара, ҳамчунин як бинои 4-ошёнаи маркази савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 100 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Танҳо дар сехи дўзандагии он 40 нафар занону духтарони шаҳри Исфара бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар шуъбаҳои савдои он, бештар маҳсулоти корхонаҳои саноатии ватанӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нахи пахта ва ҷўроббофӣ, ба фурўш бароварда шудаанд.
Дар ин ҷо, ҳамчунин миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони исфарагии муқими Русия сўҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, қисмати онҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия корхонаҳои хурди саноатӣ низ бунёд намудаанд, аз ҷумла доир ба коркарди меваи хушк ва дигар маҳсулоти хоми Тоҷикистон. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо маслиҳат дод, ки чунин корхонаҳоро дар ватани худ ҳам бунёд намоянд. Ба иттилои онҳо, чунин нақшаҳо мавҷуданд ва дар ояндаи наздик як қатор корхонаҳои хурди саноатӣ дар ин ҷо бунёд хоҳанд ёфт.
Дар хоҷагии деҳқонии Навгилеми шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои сабзавот ва кишти такрорӣ дидан карда, ба таҷрибаи ибратбахши аҳли заҳмати он баҳои баланд дод.
Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагӣ аз заминҳои кишти ғалладона аз 50 то 70 сентнерӣ ҳосил рўёнда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавот ва полезию лўбиёгиҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар 220 га офтобпараст барои дон кишт шудааст, ки аз он равған хоҳанд кашид. Барои ин коргоҳи равғанкашӣ ҳам бунёд ёфтааст. Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ дар ин ҷо 8 намуди офтобпараст кишт мешавад, ки равғаннокии онҳо аз 40 то 56% - ро ташкил медиҳад. Мутахассисони хоҷагӣ, ҳамчунин дастгоҳҳои худсози ҷудо намудани дони офтобпараст ва ҷуворимакка сохтаанд, ки ҳар яке дар як соат то 800 кг донро ҷудою тоза мекунанд.
Аҳли хоҷагӣ аз ҳар гектар замини помидор 450-500 сентнерӣ ҳосил мерўёнанд ва нақша доранд, ки ҳосилнокии ин зироатро ба 850-1000 сентнерӣ расонанд.
Зимни мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳру деҳоти Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо пусух гуфта, ба масъулини ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир ба бартараф намудани як зумра камбудию мушкилоти мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста