Чӣ тавре ки пешбинӣ шуда буд, рӯзҳои 4-5-уми сентябр соли равон сафари кории президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, қаблан дар доираи ин сафар иштироки президенти Эрон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВт, ки лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон аст, дар назар буд. Аммо бинобар ҷой доштани як қатор мушкилот он ба таъхир гузошта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби сафари сарвари давлати Эрон ба Тоҷикистон ҷонибҳо созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшонро ба имзо мерасонанд.

«Иқтидори нерӯгоҳи «Айнӣ» 150 МВт-ро ташкил дода, он аз ҷониби муҳандисону коргарони эронӣ ва тоҷик бунёд хоҳад гардид», - гуфт сарчашма.

Аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ташриф меорад. Ахир моҳи сентябр ё аввалҳои моҳи октябр раиси парлумони Эрон Алӣ Лоринҷонӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.