Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сўҳбати телефонӣ баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў намуданд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни ду давлати дўст дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои татбиқи амалии ин санадҳо ва истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои фаровони ҳамкории мутақобилан судманд бояд ҷаҳд намоянд.

 Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.