Президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯз ӯ бо сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар нишасти «чаҳоргонаи Душанбе», ки дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.
Пас аз анҷоми кори нишасти мазкур сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон оғоз мегардад. Нахуст гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва сипас мулоқоти ҳайати васеъи ҷонибҳо доир мегардад.
Дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон имзои се санади ҳамкорӣ - Изҳороти муштараки сарони кишварҳо, Барномаи ҳамкории иқтисодии байни ҶТ ва РФ барои солҳои 2011 – 2014 ва Созишнома дар бораи ҳамкории марзӣ дар назар аст.
Президенти Русия ҳамчунин дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, низ ширкат хоҳад варзид.
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста