Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гелонӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон вобаста ба обхезиҳои ҷануби Покистон, ки бар асари он шумораи зиёди одамон фавтидаанд, таъзия баён намуд. Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвазири Покистон аз рафти густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаи сафари Президенти Покистон ба Тоҷикистон ва баргузории мулоқоти навбатии “Чоргонаи Душанбе”-ро мусбат арзёбӣ намуд.
З.Зубайдов иброз дошт, ки мулоқоти чоргонаи роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Россия дар сатҳи олӣ доир шуда, натиҷаҳои он барои тақвияти ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки дар матбуот ва дигар ВАО, аз ҷумла расонаҳои хабарии Россия, рафти мулоқоти чоргона ва натиҷаҳои он ба таври васеъ ва аз ҷиҳати мусбат инъикос ёфтаанд. Дар идомаи сӯҳбат ӯ зикр намуд, ки таъсиси намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон, ташкили хати парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод, омода ва бастани шартномаи сеҷонибаи транзитӣ бо иштироки Афғонистон, аз масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо ба инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъсири муфид мерасонад.
Саид Юсуф Ризо Гелонӣ ба масъалаҳои мазкур таваҷҷӯҳ доштани ҷониби Покистонро таъкид сохта, зикр кард, ки барои ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Ба ақидаи ӯ, тавсеа ёфтани муносибатҳои ду кишвар дар заминаҳои гуногун танҳо ба манфиати ҳарду ҷониб аст.
Дар анҷом дипломати тоҷик ба Сарвазири Покистон изҳори сипос намуда, ӯро ба чорабинии ҷашнии Сафорат, бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Исломобод баргузор мегардад, даъват намуд.
Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро мусодира кардаанд
Ҳуҷуми малах ба замину чарогоҳҳо кишоварзони Суғдро нигарон кардааст
Баъди гузориши “Азия-Плюс” роҳбари “Хуҷанд-роҳ” гуфт, роҳи дар Деваштич cохтаро “аз ҳисоби худ таъмир мекунем”
Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия самбочиёни тоҷик 27 медал ба даст оварданд
Поёни оташбаси 30-соата. Русия ва Украина якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд
“Достони Сиёвуш” ва қиссаи “Бозгашт”-и театри Конибодом. Намоишномаҳои ду рӯзи охири “Парасту-2025” аз чӣ қисса карданд?
Аз шарҳи бо ресмон бастани кӯдаку дуздии пули барқ то интиқоли мактаббачаҳо дар ҳолати мастӣ. Ахбори ҷиноии чанд рӯзи охир
Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангиновро ширкати "промоутерӣ" фиреб додааст
Тоҷикистон ва Туркия масъалаи бекор кардани низоми раводид байни ду кишварро баррасӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста