Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯъи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳои он» дар Китобхонаи Миллии ш. Анқара баргузор намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш зиёда аз 100 меҳмонон, аз он ҷумла олимон, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркия, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ВАО, соҳибкорон ва донишҷӯёни тоҷику хориҷӣ иштирок варзиданд.
Конфронсро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов, олими маъруфи Туркия дар соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, профессори Донишгоҳи Анкара доктор Саадетин Коҷатурк ва Раиси Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Туркия Тунҷел Ачар ифтитоҳ намуданд.
Дар ҷараёни Конфронс, Сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Туркия доир ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Озгур Шахин, Раиси китобхонаи Миллии Туркия Тунчел Аҷар, Мудири Куллии Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи миллии Ҷумҳурии Туркия Хасан Каплан, мушовири ТИКА - Идораи давлатии Ҷумҳурии Туркия доир ба рушди байналмилалӣ Нури Аксу, олимони маъруфи Туркия дар соҳаи забон ва адабиёти форсӣ ва таърих, профессорони Донишгоҳи Анкара доктор Саадетин Коҷатурк ва доктор Илхам Ердер, координатори Шӯрои Бозаргонии Туркия ва Тоҷикистон “ДЕИК” Махмур Ер, намояндаи ташкилоти “ТУСКОН” Шахин Элги, намояндаи “Шалола” Ахмед Ипек, коршиноси ташкилоти байналмилалии ФАО Хафиз Муминҷонов, тадқиқотчии ташкилоти байналмилалӣ доир ба тадқиқотҳои стратегӣ “УСАК” Гулай Килич ва дигарон доир ба таъриху тамаддуми мардуми шарифи тоҷик баромад карда, роҷеъ ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ки тайи солҳои Истиқлолият ноил гаштааст, суханронӣ намуданд.
|
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста