Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Кен Гросс баргузор гардид .
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ШМА, раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ ва соири дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ хонум Лейли Мошири-Гелонниро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯри Вазири корҳои хориҷӣ Лейли Мошири-Гелонниро бо оғоз гардидани фаъолияташ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш бурдбориҳо орзу намуд. Дар навбати худ Лейли Мошири-Гелонни дар мавриди лоиҳаҳо ва вазифаҳои амалигашта ва дар нақша буда, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНИСЕФ татбиқ шуда истодаанд, маълумот дод.
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста