Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Эдуард Ауэр низ иштирок кард.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Вазирро оид ба фаъолияти худ дар минтақа ва сафарҳои кории хеш ба Қирғизистон иттилоъ дод ва ҷиҳати биниши вазъият дар ин кишвар фикри худро баён намуд.
Вобаста ба ин мавзӯъ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон, ҳамчун ҳамсояи наздики Қирғизистон манфиатдори сулҳу субот ва вазъияти осуда дар ин кишвар мебошад. Ҳ.Зарифӣ оид ба вазъият дар минтақа ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя низ иттилоъ дод. Вазир ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳори назар кард.
Ҷонибҳо вазъияти Афғонистон ва рушди ояндаи ин кишварро баъди баровардани қӯшунҳои коалитсионӣ дар соли 2014 муфассал муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки кори Конфронс оид ба Афғонистон, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Бонн баргузор мешавад, ба натиҷаҳои мусбат ноил мегардад.
Бо хоҳиши П.Морел Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба натиҷаи Саммити Сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе барпо гардид ва созишномаҳои баимзорасида дар рафти он ҷаласа иттилоъ дод.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста