Дар робита ба масъалаи нигаронии намояндаи Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин бобати оқибатҳои хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон журналист ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлатов мегӯяд,  чунин изҳороти сиёсатмадорони русро мо борҳо шунидаем.

«Соли 1979 – замони ворид шудани нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон, пас аз хурӯҷи артиши 400-ум ва соли 1996 – вақти ҳокимиятро ба даст гирифтани толибон низ чунин изҳорот садо дода буданд», - гуфт ӯ.

Ба андешаи коршиноси тоҷик, «агар Рогозин ба тақдири Афғонисон пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО ин қадр нигарон бошад, пас бигзор Русия нерӯҳои худро ба кӯмаки нерӯҳои эътилоф фиристад, то ки бо кӯшишҳои муштарак толибонро маҳв созанд, зеро то ҳанӯз нерӯҳои НАТО онҷоанд. Н.Давлат мӯътақид аст, ки мушкилоти таъмини амнияти минтақа танҳо дар худи Афғонистон мавҷуд аст ва аз ин рӯ, онро мебояд дар ҳамон ҷо ҳаллу фасл намуд.

«Гузашта аз ин, ҷанги 32-сола дар Афғонистон бо айби Кремл оғоз гардид. Тоҷикистону Ӯзбекистон ин ҷо чӣ нақше доранд?», - суол медиҳад ӯ.

Журналист бовар надорад, ки Вашингтон чун президенти аввалу охири Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв базудӣ нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ мекунад.

«Аксари иттифоқчиёни ИМА Афғонистонро тарк мекунанд ва ин барои Амрико манфиатовар ҳам ҳаст, зеро 10 сол қабл онҳо барои ИМА зарур буданд. Дар сурати акс он замон вуруди нерӯҳои низомии ИМА ба Афғонистонро таҷовузу истилои хоки бегона арзёбӣ менамуданд. Ман худ шоҳиди он будам, ки пас аз 3 рӯзи ба Афғонистон ворид шудани гурӯҳи нахусти низомиёни амрикоиву бритониёии иборат аз 160 нафар президент Раббонӣ қатъиян талаб карда буд, ки онҳо фавран хоки Афғонистонро тарк созанд», - таъкид сохт Давлатов.

Коршинос бар ин назар аст, ки ҳузури кунунии аксари кишварҳо дар Афғонистон ба ном аст ва аз онҳо чизе вобаста ҳам нест. «Айни замон ҳузури онҳо зарурати хосса надорад ва ин барои худи амрикоиҳо ҳам лозим нест. Имрӯз барои Кохи Сафед халос шудан аз иттифоқчиёни худ муҳим аст», - таъкид менамояд Давлатов.

Н. Давлатов зикр кард, ки сиёсати «тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» дар Афғонистон хеле хуб роҳандозӣ шудааст. «Агар зарур шавад, Кохи Сафед бо ҳамаи ҷонибҳои мухолиф, ҳатто бо Толибон низ  ба мувофиқа омада метавонад. Амрикоиҳо барои нигоҳ доштани нуфузи худ дар минтақа ба ҳама гуна кор қодиранд, зеро ин кишвар дар минтақаи бисёр муҳими ҷаҳон воқеъ аст. Мушкилот сари Эрону Чин ё Русия нест. Кохи Сафед боз як дарди сари дигаре дорад, ки дар ин хусус кам ҳарф мезананд. Ин ҳам бошад, аслиҳаи ҳастаии Покистон аст, ки метавонад ба дасти исломгароён афтад. Ба назари ман чунин менамояд, ки бо ҳушдорҳои худ Рогозин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба он водор сохтанист, ки онҳо аз Русия кӯмаки ҳарбӣ дархост кунанд. Ё ба таври дигар, ӯ онҳоро тарониданист», - афзуд коршинос.

Ёдрас мекунем, ки намояндаи Русия дар Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Дмитрий Рогозин дар мусоҳибааш ба рӯзномаи фаронсавии «Le Figaro» изҳор кардааст, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон террористон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯй меоранд.