Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт .
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми Тоҷикистонро аз шаҳодати Раиси Шўрои Олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба фарзандону пайвандони шодравон ва ҳамчунин ба мардуми шарифи Афғонистон бирасонад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз куштори даҳшатангези ин шахсияти ҷаҳонӣ ва дорои нуфузу эътибори бориз дар миёни тамоми қавму қабоили Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба марги устод Бурҳониддин Раббонӣ танҳо нерўҳое метавонанд манфиатдор бошанд, ки ҷонибдори идома ёфтани ҷангу ҷидол, ноормию бесуботӣ ва тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистонанд, зеро ин марди бузург барои барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рўзгори босаодати мардуми шарифи Афғонистон пайваставу мудом ҷаҳду талош мекард».
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо барои ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимӣ аз марги нобаҳангоми устод Бурҳониддин Раббонӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста