Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми ширкат дар  Ҳамоиши байналмиллалии «Бедории исломӣ» дар Теҳрон бо мушовири байналмилалии роҳбари Ҷумҳурии Исломии Ирон, собиқ вазири умури хориҷаи ин кишвар, ҷаноби Алиакбар Вилоятӣ , ки ҳамзамон дабири кулли ин ҳамоиш интихоб шуда буд, вохурӣ анҷом дод.

Тавре аз ситоди қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар ин вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Ирону Тоҷикистон, вазъи минтақаи Осиёи марказӣ ва равандҳои дохилии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии ин вохурӣ ба шумор мерафт.

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Вилоятӣ, ки дар раванди музокирот ва сулҳи тоҷикон иштирок ва саҳми сазоворе дошт, таваҷҷӯҳи хосе ба марҳилаи баъд аз сулҳи Тоҷикистон изҳор намуд. Дар ин росто Вилоятӣ назари Раиси ҲНИТ- ро дар атрофи масоили марбут ба таҳаввулоти олами Ислом, Осиёи марказӣ ва равандҳои дохилии Тоҷикисон ҷӯё шуд. Раиси ҲНИТ сараввал миннатдории худро ба ҷаноби Вилоятӣ ва дар шахсияти ӯ ба раҳбариятиҶумҳурии Исломии Ирон барои кӯмакҳои беғаразона дар раванди сулҳи тоҷикон ва пуштибонии доимӣ аз манфиатҳои миллии тоҷикон иброз намуд. Ҳамзамон М. Кабирӣ, сатҳи равобити сиёсӣ ва иқтисодии ин ду кишварро бармаҳал дониста, умеди рушд ва дар сатҳи олӣ қарор гирифтани ин равобитро дар оянда низ изҳор дошт. Раиси ҲНИТ пуштибонии Ирон аз тарҳҳои миллӣ, мисли Роғун, Сангтуда-2 ва нақби Анзобро намунаи равшани сиёсатҳои Ирон  дар баробари Тоҷикистон хонд. Ҳамчунин Алиакбар Вилоятӣ хушбинии худро аз ояндаи муносибатҳои ду кишвар изҳор намуда, ҳамзамон хостори тавзеҳоти бештаре дар бораи муносибати баъзе сохторҳои давлатии Тоҷикистон ба арзишҳои исломӣ ва ҳуқуқи диндорон гашт. Ба қавли ӯ, "мо дӯстони Тоҷикистон  намехоҳем, ки камтарин латмае ба обрӯ ва ҳайсияти кишвар ва миллати ба мо дӯст ворид шавад ва ҳамеша мехоҳем хабарҳои хуш аз кишвари шумо бишнавем".

Раиси ҲНИТ ҳам нороҳатии худ ва ҳизбро аз пайдоиши чунин овозаҳо ва сарусадоҳо атрофи миллати арзишмеҳвар ва исломдӯсти тоҷик баён намуд ва ин ҳолатро натиҷаи сӯйитафоҳумҳо ва иштибоҳоти баъзе ниҳодҳои марбут ба умури динии  кишвар номид, ки шинохти дурусте аз манфиатҳои миллат ва кишвар надоранд. Бо чунин амалкарди худ, миллати тоҷик  ва роҳбарияти онро дар ҳолати ногувор мегузоранд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ин мушкилот рафъшавандаанд ва таъсире дар робитаҳои кишвари мо ба олами Ислом нахоҳанд гузошт. ҲНИТ ҳамеша ҷонибдори ҳалли масоили дохилии кившар аз роҳҳои қонунӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ, аз ҷумла, дар бартараф кардани суйитафоҳумҳо дар масоили динӣ  мебошад. Ҷаноби Вилоятӣ аз саҳми ҲНИТ, ба хусус устодони марҳум, Сайид Абдуллоҳ Нӯрӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар рушди фарҳанги исломӣ ва эҷоди як тасаввури солим аз Ислом дар минтақаи Осиёси Марказӣ ёдовар шуд ва рафтори имрӯзаи ҲНИТ-ро намунаи хубе барои ҳизбу ҳаракатҳои мӯътадили исломӣ донист.