Дар Анҷумани IX-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси пешинаи он Муҳиддин Кабирӣ банрои чаҳор соли оянда ба ҳайси раиси ҲНИТ интихоб шуд.

Тавре аз ситоди қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногун ва беш аз 2000 ҷонибдорони ҳизб дар мақари ҲНИТ ширкат доштанд. Бахши аввали анҷуман ба интихоби комиссияи тафтишот ва раҳбари нави ҲНИТ бахшида шуда буд.

Раиси комисиияи тафтишот Муҳаммадалии Файзиддин интихоб шуд. Раёсати тозаинтихобшудаи ҳизб номзадии Кабириро бори дигар пешниҳод намуд, ки вакилон ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ аз он ҷонибдорӣ намуданд.  Маврид ба зикр аст, ки Кабирӣ барои 4 соли дигар раҳбарии ҲНИТ-ро ба дӯш хоҳад дошт.