Дар чаҳорчӯби сафар ба Ню-Йорк ва иштирок дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кули СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ як қатор мулоқот доир намуд.
Ҳамрохон Зарифӣ Роҳбари Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи боздоранда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот мавзӯи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари номбурда дар масъалаҳои мубрами минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 66-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню Йорк бо Вазири давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилаии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат тарафҳо масъалаҳои муносибати иқтисодии ду кишвар ва роҳҳои густариш ва таҳкими ин муносибатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ғайр аз ин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар даҳумин Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои рӯбатараққии маҳсур ба хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ Ҳ. Зарифӣ пуштибонии кишварро аз Барномаи амали Алмато ёдовар гардида, онро ҳамчуни воситаи муассир ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо дар тиҷорат, интиқоли мол, хадамот ва одамон таъкид намуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ раванди татбиқи Барномаи амали Алмато ва шурӯи раванди тадорукот ба бозрасии ҳамаҷонибаи онро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар поёни нишасти мазкур Баёнияи вазирон қабул гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти ҳамоҳангсозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ Ҳ. Зарифӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ бо Созмон сухан ронда, дар мавриди қабул шудани Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Санади мазкур самтҳои авлавиятноки ҳамкориро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмон муайян мекунад.
Иҷлосияи Вазирони корҳои хориҷӣ Баёнияи ниҳоӣ ва Эъломия оид ба Фаластинро қабул намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ш. Ню Йорк бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ша Тзукан мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ, аз ҷумла, масъалаҳои амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба рушди устувор Рио+20 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Гурӯҳи 77 ва Хитой иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар баромади худ Вазир ба аҳамияти истифодаи самараноки манбаъҳои энергияи қобили таҷдид, аз ҷумла гидроэнергетика, дар таъмини рушди устувор таъкид намуд.
Дар хотимаи Иҷлосия Эъломияи вазирони корҳои хориҷӣ қабул гардид.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои нави Додгоҳи олӣ бо додрасҳо мулоқот кард
1,7 млн сомонӣ ҷарима дар 10 рӯз. Сабти беш аз 8 ҳазор қонуншиканӣ дар натиҷаи амалиёти “Муоинаи техникӣ”
Барои ҳавзаи энергетикии Осиёи Марказӣ харитаи роҳ таҳия шуд
“Равшан” дар охирин бозии худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 пирӯзӣ ба даст овард, аммо...
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста