Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот анҷом дод .
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғоз Ҳамрохон Зарифӣ ба Пан Ги Мун аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ордени Исмоили Сомонӣ Дараҷаи 1-ро барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва амнияти минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Пас аз маросими супоридани орден сӯҳбати Вазир бо Дабири кулл сурат гирифт, ки дар рафти он ҳамкории ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ ва дурнамои он, вазъ дар минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ, Мудири Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқот кард.
Дар оғоз, маросими супоридани Ордени Дӯстӣ ба муовини Дабири кулли СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳелен Кларк барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин орден сарфароз гардид.
Дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Хелен Кларк дурнамо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста