Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар чаҳорчӯби муколамаҳои сиёсӣ дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кули Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, изҳор кард, ки амалисозии стратегияи миллии рушд самти муҳими сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Бино ба маълумоти радиои СММ, ҳукумати Тоҷикистон се ҳадафи асосӣ – таъмини амнияти ғизоиву энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро муайн кардааст.
Зимни суханронӣ Ҳамрохон Зарифӣ хотиррасон кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бобати узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо фаъолона гуфтушунид дорад. Дар робита ба масоили идораи пурсамари захоири обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки соли 2013 Соли байнулмилалии ҳамкорӣ оид ба масоили истифодаи захоири обӣ эълон шудааст.
«Бо назардошти манфиатҳои умумии минтақавӣ Тоҷикистон ба ҳамкории густарда оид ба тамоми масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ бо тамоми кишварҳои минтақа омода аст», - гуфтааст Зарифӣ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба хушкшавии баҳри Арал обанборҳои сохташуда дар кишварҳои поёноб таъсири назаррас мерасонанд.
«Аз ин рӯ, Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бо мусоидати СММ ташхиси маҷмӯавии тамоми низоми истифодаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузаронида шавад», - иброз доштааст Ҳ. Зарифӣ.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста